Ҳ.ЗАРИФӢ БА ЧИН РАФТ

Апрель 26, 2010 11:42

Душанбе,  26 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарангис  Раҳимова). —  Вазири  корҳои  хориҷии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Ҳамрохон  Зарифӣ  25  апрел  барои  боздиди  расмӣ  ба Ҷумҳурии  Мардумии  Чин  рафт. Ӯ  зимни  сафар  бо  вазири  корҳои  хориҷии  Чин  Ян  Сзечи   мулоқот  хоҳад  кард. Дар  ҷараёни  мулоқот  масъалаҳои  муҳимтарини   марбут  ба   муносибатҳо   ва  ҳамкории  ҳар  ду  кишвар  муҳокима  карда  мешаванд. Дар  фарҷоми  мулоқот  ҳуҷҷатҳои  дуҷониба,  аз  ҷумла барномаи  ҳамкории   вазоратҳои  корҳои  хориҷии  Тоҷикистон  ва Чин  барои  солҳои 2010 – 2012  имзо  карда  хоҳанд  шуд. Ҳамчунин  мулоқоти  Ҳ.Зарифӣ  бо  муовини  раиси  Чин  Си  Сзинпин  ба  нақша  гирифта шудааст. Вазири  корҳои  хориҷии  Тоҷикистон  инчунин  бо  роҳбарону  намояндагони  вазорату  идораҳои   соҳаи  иқтисодии  ин  мамлакат   мулоқотҳо  анҷом  медиҳад. Барномаи  сафари  Ҳ.Зарифӣ   мулоқотҳои ӯро  бо  хонандагони   рӯзномаи  «Женмин  Жибао» ва роҳбарияти  Ноҳияи  Мухтори  Шинҷону  Уйғур  дар бар  мегирад.

Апрель 26, 2010 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд