ҶАҲОНИ ИСЛОМ БА ТАШАББУСИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АРҶ МЕГУЗОРАД

Апрель 5, 2010 13:44

Душанбе, 5 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар шаҳри Қундузи Афғонистон ҷаласаи нахустини Бунёди Имоми Аъзам доир гардид, ки дар он зиёда аз 500 нафар, аз ҷумла аъзои парлумон, донишмандони соҳаи Ислом ва олимону муҳаққиқони афғон иштирок намуданд. Дар ҷаласаи мазкур ҳадафҳо ва дурнамои фаъолияти ин бунёд баррасӣ гардида, зикр шуд, ки ташаббуси Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба гиромидошти ҳаёту таълимоти Имоми Аъзам ва баргузории Симпозиуми байналмилалии Абӯҳанифа ва тамаддуни ҷаҳонӣ аз ҷониби ҷаҳони Ислом баҳои баланд гирифт. Дар баробари ин, бузургдошти Ҷалолиддини Румӣ ва Робияи Балхӣ, ки бо баргузории конфронсҳои байналмилалӣ дар Душанбе сурат гирифт, дар самти муаррифии фарҳанг ва тамаддуни форсӣ саҳми муҳим ва арзанда гузошт. Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ин ҷаласа ба консули Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Қундуз Абулфайзи Ато аз номи Бунёд ба унвони Президенти  ҶТ Эмомалӣ Раҳмон номаи сипос супорида шуд.  

Апрель 5, 2010 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст