ҶАҲОНИ ИСЛОМ БА ТАШАББУСИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АРҶ МЕГУЗОРАД
Душанбе, 5 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар шаҳри Қундузи Афғонистон ҷаласаи нахустини Бунёди Имоми Аъзам доир гардид, ки дар он зиёда аз 500 нафар, аз ҷумла аъзои парлумон, донишмандони соҳаи Ислом ва олимону муҳаққиқони афғон иштирок намуданд. Дар ҷаласаи мазкур ҳадафҳо ва дурнамои фаъолияти ин бунёд баррасӣ гардида, зикр шуд, ки ташаббуси Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба гиромидошти ҳаёту таълимоти Имоми Аъзам ва баргузории Симпозиуми байналмилалии Абӯҳанифа ва тамаддуни ҷаҳонӣ аз ҷониби ҷаҳони Ислом баҳои баланд гирифт. Дар баробари ин, бузургдошти Ҷалолиддини Румӣ ва Робияи Балхӣ, ки бо баргузории конфронсҳои байналмилалӣ дар Душанбе сурат гирифт, дар самти муаррифии фарҳанг ва тамаддуни форсӣ саҳми муҳим ва арзанда гузошт. Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ин ҷаласа ба консули Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Қундуз Абулфайзи Ато аз номи Бунёд ба унвони Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон номаи сипос супорида шуд.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






