ҶАЛАСАИ НАМОЯНДАГОНИ СОҲАИ МУҲОҶИРАТИ КИШВАРҲОИ ИДМ

Апрель 27, 2010 10:29

Душанбе,  27 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-    Аз  27 то 28  апрели соли ҷорӣ дар пойтахти Беларус — шаҳри Минск ҷаласаи гурӯҳи экспертии лоиҳаи Протокол дар бораи даровардани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи таъсиси Шӯрои консултативии меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 13-уми ноябри соли 1992 баргузор мегардад. Бояд гуфт, ки вазифаҳои асосии Шӯро аз таҳлил ва баррасии лоиҳаҳои бисёрҷонибаи шартномаҳои байналмиллалӣ, иштирок дар коркарди лоиҳаҳои қонунҳои моделӣ, табодули маълумот миёни кишварҳои иштирокчиёни           Шӯро иборат           аст.             Ҳамчунин дар Шӯрои мазкур дигар масъалаҳое, ки сарони кишварҳо пешниҳод мекунанд, баррасӣ мешаванд. Ҳайати гурӯҳи кори Тоҷикистон низ дар ҷаласаи мазкур ширкат хоҳад варзид.  Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз   Хадамоти муҳоҷиратии Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ доданд.  

Апрель 27, 2010 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд