ҶАЛАСАИ НАМОЯНДАГОНИ СОҲАИ МУҲОҶИРАТИ КИШВАРҲОИ ИДМ
Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Аз 27 то 28 апрели соли ҷорӣ дар пойтахти Беларус — шаҳри Минск ҷаласаи гурӯҳи экспертии лоиҳаи Протокол дар бораи даровардани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи таъсиси Шӯрои консултативии меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 13-уми ноябри соли 1992 баргузор мегардад. Бояд гуфт, ки вазифаҳои асосии Шӯро аз таҳлил ва баррасии лоиҳаҳои бисёрҷонибаи шартномаҳои байналмиллалӣ, иштирок дар коркарди лоиҳаҳои қонунҳои моделӣ, табодули маълумот миёни кишварҳои иштирокчиёни Шӯро иборат аст. Ҳамчунин дар Шӯрои мазкур дигар масъалаҳое, ки сарони кишварҳо пешниҳод мекунанд, баррасӣ мешаванд. Ҳайати гурӯҳи кори Тоҷикистон низ дар ҷаласаи мазкур ширкат хоҳад варзид. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти муҳоҷиратии Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ доданд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






