ҶАМЪОМАДИ ХОТИРМОН
Турсунзода, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев). — Дар литсеи Президентии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Турсунзода бо ибтикори муаллимаи забон ва адабиёти тоҷик Дилором Қодирова бахшида ба 100- солагии шоири бузурги миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода конфронси илмӣ — адабӣ баргузор гардид. Дар конфронс шоираҳо Зулфия Атоӣ, Адибаи Азиз, Шарифаи Аъламзод иштирок намуда, аз эҷодиёти хеш шеърҳо қироат карданд. Хонандагони пешқадами литсей Фирӯз Раҷабзода, Хайринисо Рустамзода, Хуршед Қодиров¸ Ризвоншоҳи Мустафо, Зарина Аминова, Нигора Юсуфӣ ва дигарон дар бораи ҳаёт ва фаъолияти пурмаҳсули Мирзо Турсунзода маълумоти муфассал доданд. Қироати шеърҳо ба кори конфронс шукӯҳу шаҳомат бахшид.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!






