ҶАМЪОМАДИ ИДОНА БАРОИ ГУРЕЗАГОНИ АФҒОН
Душанбе, 14 апрел. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Созмони миллии «Бачагони кӯча, гурезагон ва шаҳрвандони фирорӣ» ҳамроҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, Кумитаи гурезагони афғон ва Раёсати комиссари олии СММ дар масъалаи гурезаҳо ва шӯъбаи шаҳрии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар Қасри фарҳанги шаҳри Ваҳдат барои гурезагони афғон ва фарзандони онҳо бахшида ба иди баҳор ҷамъомади идона ташкил намуданд. Дар он намояндагони Анҷумани «Ориён», намояндагони сафоратхонаи Афғонистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат Руқия Раҳматзода, инчунин намояндаи ташкилоти Ҳилоли Аҳмари шаҳри Ваҳдат Фирӯза Ғайратова иштирок намуданд. Онҳо ҳамаи ҷамъомадагонро табрик намуда, дар бораи муҳайё намудани шароити мусоиди зиндагӣ барои гурезагон дар қаламрави ҷумҳурӣ сухан ронданд. Дар қисмати дуюми ҷамъомад барномаи калони консертӣ намоиш дода шуд. Кумитаи гурезагони афғон ба иштирокчиёни ҷамъомад тӯҳфаҳои хотиравӣ супорид. Созмони миллии «Бачагони кӯча, гурезагон ва шаҳрвандони фирорӣ» соли 1996 ташкил ёфтааст. Вазифаи асосии он расонидани кӯмакҳои башардӯстона, иҷтимоӣ ва моддӣ ба гурезаҳо, бачагони ятим, занони танҳо, маъюбон ва одамони солхӯрда мебошад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






