ҶАМЪОМАДИ ИДОНА БАРОИ ГУРЕЗАГОНИ АФҒОН

Апрель 14, 2010 16:07

Душанбе,  14 апрел. (АМИТ «Ховар», Людмила  Дубинина). —  Созмони  миллии  «Бачагони  кӯча, гурезагон ва  шаҳрвандони  фирорӣ»  ҳамроҳи   мақомоти  иҷроияи   ҳокимияти  давлатии   шаҳри  Ваҳдат, Кумитаи  гурезагони  афғон  ва  Раёсати комиссари  олии  СММ  дар  масъалаи  гурезаҳо ва  шӯъбаи  шаҳрии   Ҷамъияти  Ҳилоли  Аҳмари  Тоҷикистон   дар  Қасри  фарҳанги  шаҳри  Ваҳдат  барои  гурезагони  афғон  ва  фарзандони онҳо   бахшида ба  иди  баҳор  ҷамъомади  идона  ташкил  намуданд. Дар  он намояндагони  Анҷумани «Ориён»,  намояндагони   сафоратхонаи  Афғонистон  ва  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии   шаҳри  Ваҳдат  Руқия  Раҳматзода,  инчунин   намояндаи  ташкилоти  Ҳилоли  Аҳмари   шаҳри  Ваҳдат  Фирӯза  Ғайратова  иштирок  намуданд.  Онҳо  ҳамаи  ҷамъомадагонро  табрик  намуда,  дар  бораи муҳайё  намудани  шароити  мусоиди  зиндагӣ  барои   гурезагон  дар  қаламрави  ҷумҳурӣ  сухан  ронданд. Дар  қисмати  дуюми  ҷамъомад  барномаи  калони  консертӣ  намоиш  дода шуд.  Кумитаи  гурезагони  афғон  ба  иштирокчиёни  ҷамъомад  тӯҳфаҳои  хотиравӣ  супорид. Созмони миллии «Бачагони кӯча, гурезагон  ва  шаҳрвандони  фирорӣ»  соли  1996  ташкил  ёфтааст. Вазифаи  асосии  он  расонидани  кӯмакҳои  башардӯстона,   иҷтимоӣ ва  моддӣ  ба  гурезаҳо,  бачагони ятим,  занони   танҳо,  маъюбон  ва  одамони  солхӯрда  мебошад.

Апрель 14, 2010 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад