ҶАШНВОРАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ИНТЕРВИДЕНИЕ «ПАНҶ СИТОРА»» КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?
Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).-Ҷашнвораи байналмилалии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Муттаҳид ва Балтия «Интервидение «Панҷ ситора»» соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад гашт,- гуфт зимни нишасти матбуотӣ имрӯз, 16 апрели соли 2010 Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асадулло Раҳмонов. Ӯ қайд намуд, ки ин чорабинии фарҳангӣ бо сабабе мавқуф гузошта шуда буд, ки намояндагони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай низ барои иштирок дар ин фестивал ҷалб карда шуданд. Бояд ёдовар шуд, ки Тоҷикистонро дар ҷашнвораи мазкур ҳунарманди ҷавон аз вилояти Суғд Ален Абилфайзов муаррифӣ хоҳад кард. А. Раҳмонов ҳамчунин қайд намуд, ки кормандони эҷодии киностудияи «Тоҷикфильм» аз оғози соли ҷорӣ барои пешбурди корҳои эҷодӣ, истеҳсол ва дубляжи филмҳои ҳунарӣ ва мустанад тадбирҳои амалӣ андешида, филҳои ҳуҷҷатии «Равнақи шаҳрсозӣ» (бахшида ба намоиши умумиҷаҳонии ЭКСПО-2010) ва филми мустанади «Нурофарон» бахшида ба сохтмони нерӯгохи барқии обии Роғун рӯи кор оварданд. Ҳамчунии ба наздикӣ киностудияи мазкур ба наворгирии филми ҳунарӣ бо номи «Гиреҳ дар гулӯ» оғоз кард, ки коргардони он Носир Раҳмонов мебошад.