ҶАШНВОРАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ИНТЕРВИДЕНИЕ «ПАНҶ СИТОРА»» КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

Апрель 16, 2010 14:41

Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).-Ҷашнвораи байналмилалии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Муттаҳид ва Балтия «Интервидение «Панҷ ситора»» соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад гашт,- гуфт зимни нишасти матбуотӣ имрӯз, 16 апрели соли 2010 Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асадулло Раҳмонов. Ӯ қайд намуд, ки ин чорабинии фарҳангӣ бо сабабе мавқуф гузошта шуда буд, ки намояндагони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай низ барои иштирок дар ин фестивал ҷалб карда шуданд.   Бояд ёдовар шуд, ки Тоҷикистонро дар ҷашнвораи мазкур ҳунарманди ҷавон аз вилояти Суғд Ален Абилфайзов муаррифӣ хоҳад кард.  А. Раҳмонов ҳамчунин қайд намуд, ки кормандони эҷодии киностудияи «Тоҷикфильм» аз оғози соли ҷорӣ барои пешбурди корҳои эҷодӣ, истеҳсол ва дубляжи филмҳои ҳунарӣ ва мустанад тадбирҳои амалӣ андешида, филҳои ҳуҷҷатии «Равнақи шаҳрсозӣ» (бахшида ба намоиши умумиҷаҳонии ЭКСПО-2010) ва филми мустанади «Нурофарон» бахшида ба сохтмони нерӯгохи барқии обии Роғун рӯи кор оварданд. Ҳамчунии ба наздикӣ киностудияи мазкур ба наворгирии филми ҳунарӣ  бо номи «Гиреҳ дар гулӯ» оғоз кард, ки коргардони он Носир Раҳмонов мебошад. 

Апрель 16, 2010 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид