ҶАШНВОРАИ НАВБАТИИ ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР ТУРКИЯ
Истамбул, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Катерина Аксакова). — Имрӯз дар шаҳри Бурси Туркия Ҷашнвораи чоруми донишҷӯёни тоҷик баргузор мегардад, ки дар мактабҳои олии Туркия таҳсил мекунанд. Дар ҷашнвора тақрибан 150 донишҷӯи тоҷик иштирок хоҳад кард. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ҷашнвора бо маҷлиси умумии донишҷӯён оғоз меёбад. Дар маҷлис ҳисоботи Шӯрои донишҷӯён муҳокима карда, ҳайати нави Шӯро ва ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Ватан» интихоб карда мешаванд. Ғайр аз ин, дар доираи ҷашнвора мулоқотҳои донишҷӯён бо кормандони Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Туркия баргузор мегарданд. Барномаи фарҳангии ҷашнвора мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ва консерти рақсу сурудҳои тоҷикиро дар бар мегирад. Волӣ ва раиси шаҳри Бурс ба донишҷӯён дар гузаронидани ҷашнвора кӯмак мерасонад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






