ҶАВОНОНИ БОХТАР БО ЧӢ МАШҒУЛАНД?

Апрель 16, 2010 10:26

Қӯрғонтеппа, 16 апрел.(АМИТ«Ховар», Юсуфбек Беков).- Шоин Комилов мудири шӯъбаи таблиғот ва кор бо ҷавонони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» итиллоъ дод, ки дар ноҳияи Бохтар якҷоя бо раёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатии ноҳияи Бохтар дар муддати се моҳи соли ҷорӣ 3 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ баргузор гардид, ки дар натиҷаи онҳо 18 нафар соҳиби ҷои кори доимӣ гашта, 110 нафар ба корҳои муздноки ҷамъиятӣ ҷалб гардиданд, ҳамчунин 40 нафар ба курсҳои касбомӯзӣ, 60 нафар ба бозомӯзи роҳхат гирифтанд. Ёдрас шудан ба маврид аст, ки имрӯзҳо дар ноҳияи Бохтар беш аз 90 ҳазору 555 нафар ҷавонони аз синни 14 то 30 сола зиндагӣ мекунанд, ки 17 нафарашон дар мақомоти роҳбарикунанда фаъолият дошта, 820 нафар омӯзгор мебошанд, ҳамчунин 454 ҷавони ин ноҳия дар донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат таҳсили илм намуда истодаанд. Аз ин миқдор ҷавони дар ноҳия буда, 907 нафаршон аъзои ҲХДТ мебошанд.  

Апрель 16, 2010 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд