ҶОИЗА БА ШАРАФИ ИДИ ҒАЛАБА
Маскав, 6 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова ). — 9 апрел дар Маскав маросими супоридани ҷоизаҳои байнидавлатии «Ситораҳои Иттиҳод» баргузор мегардад, ки онҳоро Шӯрои ҳамкории гуманитарӣ ва Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии давлатҳои ИДМ таъсис додаанд. Котиби матбуоти Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарӣ Александр Калугин ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки соли 2010 ба шарафи таҷлили 65 — солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷоизаи махсус таъсис дода шуд. Ин ҷоиза ба муаллифони асарҳое дода мешавад, ки саҳми умумии халқҳои Шӯравиро дар таъмини ғалабаи бузург беҳтару хубтар инъикос менамояд. Ҷоизаи «Ситораҳои Иттиҳод» моҳи майи соли 2009 таъсис ёфта буд. Ҷоизаи мазкур ҳар сол барои саҳми калон ва дастовардҳо дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, ҳунар ва фаъолияти самарабахши гуманитарӣ супорида мешавад. Ҳадафи он вусъат додани ҳамкории муассисаҳои илму маориф, фарҳанг ва ҳунари мамлакатҳои аъзои ИДМ мебошад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






