ҶОИЗА БА ШАРАФИ ИДИ ҒАЛАБА

Апрель 6, 2010 11:48

Маскав,  6 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳалима  Хушқадамова ). —  9  апрел  дар  Маскав   маросими  супоридани  ҷоизаҳои  байнидавлатии «Ситораҳои  Иттиҳод»  баргузор  мегардад, ки онҳоро  Шӯрои ҳамкории  гуманитарӣ  ва  Бунёди  байнидавлатии  ҳамкории   гуманитарии  давлатҳои  ИДМ  таъсис  додаанд. Котиби  матбуоти  Бунёди  байнидавлатии  ҳамкории  гуманитарӣ  Александр  Калугин ба  мухбири  АМИТ «Ховар»  гуфт, ки  соли  2010  ба  шарафи  таҷлили  65 —  солагии  ғалаба   дар  Ҷанги  Бузурги  Ватанӣ  ҷоизаи  махсус  таъсис  дода шуд. Ин  ҷоиза  ба  муаллифони  асарҳое  дода  мешавад, ки   саҳми  умумии  халқҳои  Шӯравиро  дар таъмини  ғалабаи  бузург беҳтару  хубтар  инъикос  менамояд. Ҷоизаи «Ситораҳои  Иттиҳод»  моҳи  майи  соли  2009  таъсис   ёфта  буд.  Ҷоизаи  мазкур  ҳар  сол  барои   саҳми  калон  ва  дастовардҳо  дар  соҳаҳои  илм,  маориф,  фарҳанг, ҳунар ва  фаъолияти  самарабахши  гуманитарӣ супорида  мешавад. Ҳадафи  он  вусъат  додани  ҳамкории  муассисаҳои  илму  маориф,  фарҳанг ва  ҳунари  мамлакатҳои   аъзои  ИДМ  мебошад.  

Апрель 6, 2010 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад