ҶУБРОНИ ҲАЛОКАТИ ҚУРБОНИЁНИ СӮХТОР
Душанбе, 5 апрел. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Тавре хабар дода шуда буд, чанд рӯз пеш дар натиҷаи сӯхтори дар Ҷамъияти саҳҳомии «Уралгражданпроект» бамаломада чанд нафар, аз ҷумла ду шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳалок шуд. Онҳо Ҷумъахон Саидҷаъфарови 24 — сола ва Ҳукмиддин Наботови 27 — сола мебошанд, ки дар яке аз сохтмонҳои Ҷамъияти саҳҳомии мазкур кор мекарданд. Котиби матбуоти намояндагии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои муҳоҷират дар Федератсияи Русия Дилбар Хоҷаева ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар натиҷаи кӯшишҳои кормандони намояндагӣ ба аҳли оила ва хешу таборони шахсони ҳалокшуда ҷубронпулӣ пардохта мешавад. Роҳбарияти раёсати сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар Екатеринбург барои фиристодани ҷасади шахсони ҳалокшуда ба ватан аз ҳисоби худ маблағ ҷудо намуд. Ғайр аз ин Ҷамъияти саҳҳомии «Уралгражданпроект» ӯҳдадор шуд, ки дар давоми як сол музди кори ҳармоҳаи шаҳрвандони ҳалокшударо ба маблағи 20 ҳазор рубл ба аҳли оилаи онҳо мефиристад.