21 ШАҲРУ НОҲИЯҲО ДАР АСОСИ НАҚШАҲОИ ГЕНЕРАЛӢ КОР КАРДА ИСТОДААНД
Душанбе, 20 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Айни замон дар Тоҷикистон 21 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар асоси Нақшаҳои генералии амалкунанда кор карда истодаанд, -гуфт, 19 апрел зимни нишасти матбуотӣ, директори Агентии сохтмон ва ме ъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдувалӣ Комилов. Аз ҷумла, Нақшаи генералии маркази ноҳияи Тоҷикобод бо Қарори Ҳукумати ҶТ тасдиқ карда шуда, Нақшаҳои генералии маркази шаҳри Хуҷанд ва Хоруғ барои тасдиқ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод карда шуданд. Нақшаҳои генералии шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳри Қурғонтеппа, нақшаҳои муфассали шаҳрҳои Турсунзода ва Данғара мавриди таҳия қарор дошта, дар мӯҳлати муқарраргардида омода карда мешаванд , -илова намуд А. Комилов. Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Агентии сохтмон ва меъморӣ сухан карда, ӯ қайд намуд, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба масоҳати умумии 76 ҳазору 116 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 ҳазору 219 метри мураббаъ зиёд аст. Ҳамчунин, — иброз дошт директори агентӣ, — кормандон мекӯшанд, ки 16 ҳуҷҷати лоиҳавию харҷномавии иншооти сохташавандаи ҷумҳуриро саривақт ва босифат то 20- солагии ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ба анҷом расонанд, ки инҳо навбати дуюми Гимназия барои кӯдакони болаёқат, бинои 20-ошёнаи «Душанбе-Плаза» дар шаҳри Душанбе, Маҷмааи варзишӣ дар ноҳияи Тоҷикобод, Бойгонии давлатӣ дар шаҳри Данғара, Фурӯдгоҳи байналхалқӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа, Маҷмааи ҳавзи шиноварӣ дар Хуҷанд ва ғайра мебошанд.