21 ШАҲРУ НОҲИЯ&#1202О ДАР АСОСИ НАҚШАҲОИ ГЕНЕРАЛӢ КОР КАРДА ИСТОДААНД

Апрель 20, 2010 09:21

Душанбе, 20 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Айни замон  дар Тоҷикистон 21 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  дар асоси Нақшаҳои генералии амалкунанда  кор карда истодаанд, -гуфт, 19 апрел зимни нишасти матбуотӣ, директори Агентии сохтмон ва ме ъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Абдувалӣ Комилов. Аз ҷумла, Нақшаи генералии маркази ноҳияи Тоҷикобод бо Қарори Ҳукумати ҶТ тасдиқ карда шуда, Нақшаҳои генералии маркази шаҳри Хуҷанд ва Хоруғ  барои тасдиқ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод карда шуданд. Нақшаҳои генералии шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳри Қурғонтеппа, нақшаҳои муфассали шаҳрҳои Турсунзода ва Данғара мавриди таҳия қарор дошта, дар мӯҳлати муқарраргардида омода карда мешаванд , -илова намуд А. Комилов.    Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Агентии сохтмон ва меъморӣ сухан карда, ӯ қайд намуд, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ  ба масоҳати умумии 76 ҳазору 116 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 ҳазору 219 метри мураббаъ зиёд аст. Ҳамчунин, — иброз дошт директори агентӣ, —  кормандон мекӯшанд, ки 16 ҳуҷҷати лоиҳавию харҷномавии иншооти сохташавандаи ҷумҳуриро саривақт ва босифат то 20- солагии ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ба анҷом расонанд, ки инҳо навбати дуюми Гимназия барои кӯдакони болаёқат, бинои 20-ошёнаи «Душанбе-Плаза» дар шаҳри Душанбе, Маҷмааи варзишӣ дар ноҳияи Тоҷикобод, Бойгонии давлатӣ  дар шаҳри Данғара, Фурӯдгоҳи байналхалқӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа, Маҷмааи ҳавзи шиноварӣ дар Хуҷанд ва ғайра мебошанд.  

Апрель 20, 2010 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад