24 — СОЛАГИИ ФАЛОКАТИ ЧЕРНОБИЛ
Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар саросари ҷаҳон 24 — солагии фалокати Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил таҷлил карда мешавад. Фалокати мазкур 26 апрели соли 1986 рух дода буд. Ҳамон рӯз блоки чоруми энергетикии нерӯгоҳ бар асари таркиш харобу валангор гардид. Дар натиҷа реактори атомии нерӯгоҳ аз кор баромад ва ҳаҷми хеле зиёди моддаҳои радиоактивӣ ба муҳити атроф хориҷ гардид. Абри радиоактивии дар натиҷаи фалокат хориҷгардида фазои қисми аврупоии ИҶШС, Аврупои шарқӣ ва ҷазираҳои Скандинавияро фаро гирифт. Тақрибан 60 фоизи моддаҳои радиоактивӣ дар қаламрави Белорусия ба қайд гирифта шуд. Зимни бартараф сохтани оқибати фалокат танҳо як нафар ҳалок шуд, як нафари дигар субҳи рӯзи дигар бар асари ҷароҳатҳои вазнин вафот кард. Баъдан миқдори зиёди кормандони нерӯгоҳ ва аъзоёни гурӯҳҳои наҷотдиҳанда ба бемориҳои гуногуни радиоактивӣ гирифтор шуданд. 28 нафари онҳо дар давоми чанд моҳи баъди фалокат вафот карданд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






