28 МЕДАЛ ДАР 100 РӮЗ

Апрель 13, 2010 14:52

Душанбе,  13 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-   Дар давоми се моҳи соли ҷорӣ варзишгарони тоҷик аз рӯи намудҳои мухталлифи варзиш дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, чемпионатҳои Осиё ва ҷаҳонӣ иштирок намуда, 28 медал ба даст оварданд, ки аз онҳо 8 медали тилло, 6 медали нуқра ва 14 медали биринҷӣ мебошад, иттилоъ доданд дар нишасти матбуотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Инчунин, қайд намуданд, ки варзишгарон дар се моҳи ҳисоботӣ дар 9 мусобиқоти байналмилалӣ, аз ҷумла оид ба гӯштини тарзи озод дар Туркия,  каратэкёкушинкай дар Ҷопон, гӯштини юнонӣ-румӣ дар Маҷористон,   гӯштини  тарзи озод дар Полша, варзиши сабук дар Ӯзбекистон ва ба амсоли инҳо ширкати фаъол доштанд. Бояд қайд намуд, ки бо мақсади таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳа аз ҷониби Хонаи ҷумҳуриявии методии Кумита Низомномаи дараҷаҳои тахассусии дастурдиҳандагони тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро бо теъдоди 450 адад нашр гардида, ба сохторҳои маҳаллӣ дастрас карда шуданд.

Апрель 13, 2010 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд