40952 НАФАР АЗ ЗЕРЛОИҲАҲО ИСТИФОДА МЕБАРАНД
Душанбе, 29 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти директори лоиҳаи маркази дастгирии хусусигардонии хоҷагиҳо Т. Остонаев, дар «Ҳавзаи дарёи Ванҷоб» оид ба рафти татбиқи лоиҳа дар 6 ҷамоат – ( Жовид, Рованд, Язгулом, Рохарв, Техарв ва Водхуд) марказ ҳамкориро ба роҳ мондааст. Бо мақсади амалӣ гардонидани лоиҳа, пениҳоди зерлоиҳаҳои аҳолӣ мавриди татбиқ қарор дода шудаанд. Дар «Ҳавзаи дарёи Ванҷоб» 198 лоиҳаҳо аз рӯи се компанент мавриди амал қарор доранд, ки 5787 хоҷагӣ фарогири он мебошанд ва зиёда аз 40 ҳазору 900 нафар аз ин зерлоиҳаҳо истифода мебарад. Бо дарназардошти саҳми аҳолӣ, маблағи азхудкардаи зерлоиҳаҳо 619 ҳазору 595 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки аз он 487 ҳазору 85 долларашро маблағҳои бебозгашт (грантӣ) ташкил медиҳанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






