689 ГЕКТАР ТОКЗОРҲОИ НАВ
Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ, то 15 апрели соли ҷорӣ 975 гектар боғ ва 280 гектар токзорҳо барқарор карда шудааст. Вобаста ба маълумоти ҳамин манбаъ, то 15 арели соли 2010 дар ҳамаи сохторҳои кишоварзӣ 10787 гектар боғҳои нав бунёд карда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 2,5 баробар зиёд аст. Аз масоҳати умумии боғҳо 1662 гектар мевагиҳои тухмдор, 7433 гектар донакдор, 966 гектар мағздор, 724 гектар субтропикӣ ва 2 гектар меваҳои ситрусиро ташкил медиҳанд. Аз миқдори умумии боғҳои нав 1194 гектараш дар заминҳои лалмӣ бунёд карда шудааст. Дар давоми семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳамчунин дар масоҳати 689 гектар токзорҳои нав бунёд карда шудааст.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






