8 КУШТОР ДАР ХАТЛОН
Қӯрғонтеппа, 28 апрел. (АМИТ «Ховар», Юсуфбек Беков).- Дар муддати се моҳи соли равон дар вилояти Хатлон 8 ҷинояти куштор ба қайд грифта шудааст,ки нисбат ба семоҳаи соли гузашта 5 ҷиноят зиёд мебошад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» Варқа Зайниддинов, ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон иттилоъ дод. Ёдрас мешавем,ки ҷиноятҳои куштор дар ноҳияҳои Қубодиён, Восеъ, Бохтар, Ҷалолиддини Рӯмӣ, Панҷ, Ҷиликӯл (1 ададӣ) ва шаҳри Кӯлоб (2 адад) рух додаанд. Варқа Зайниддинов, инчунин изҳор дошт, ки аз ин ҷиноятҳо то имрӯз аллакай 2 ададаш бо тасдиқи фикри айбдорӣ ба суд ирсол карда шудааст. «Тафтишоти пешакии 5 парвандаи ҷиноятии дигар идома дошта, дар назар аст, ки онҳо низ рӯзҳои наздик ба суд ирсол карда шаванд», — афзуд ӯ.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






