АҲАМИЯТИ ҲАМКОРИИ СААД ВА САҲА БАРОИ ТАЪМИНИ АМНИЯТ
Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар»). — Муншии умумии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа дар Вена дар маҷлиси муштараки Шӯрои доимии СААД ва Анҷумаи ҳамкорӣ дар соҳаи амният изҳор намуд, ки ҳамкории СААД бо САҲА барои ҳалли проблемаҳои замони ҳозира, аз ҷумла бартараф сохтани бӯҳрони Қирғизистон барин проблемаҳо аҳамияти калон дорад. Н.Бордюжа таъкид кард, ки ҳар ду созмон минбаъд дар ҳамаи соҳаҳо, хусусан масъалаҳои сиёсию ҳарбии таъмини амният ҳамаҷониба ҳамкорӣ хоҳанд кард. Ӯ аз ҷараёни мубодилаи муттасили маълумот бо САҲА дар масъалаи вазъияти Афғонистон ва проблемаҳои дигар изҳори қаноатмандӣ намуд. Қайд карда шуд, ки СААД инчунин бо СММ, Иттиҳоди Аврупо ва созмонҳои дигари минтақавию байналхалқӣ самарабахш ҳамкорӣ мекунад. Намояндагони СААД тӯли рӯзҳои охир дар Бишкек бо намояндагони созмонҳои минтақавию байналмилалӣ мулоқотҳо анҷом дода, нақшаи ягонаи бартараф сохтани оқибати бӯҳрони сиёсиро дар ин мамлакат таҳия намуданд, гуфт Н.Бордюжа. Қайд карда шуд, ки мамлакатҳои аъзои СААД низ ба ҳамкорӣ бо ҳамдигар тайёранд ва ин моро ба иҷрои вазифаҳои дар назди созмон гузошташуда умедвор месозад, гуфт Муншии умумии СААД.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






