АДИБОНИ ТОҶИК САЗОВОРИ МУКОФОТИ ПАРЛУМОНИ ЧЕЧЕНИСТОН ГАРДИДАНД

Апрель 27, 2010 08:59

Душанбе,  27 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия  Эшонқулова). —  Муаллифи  китоби  «Ҳаёти барои дин фидошуда», нависандаи тоҷик Воҳид  Ғаффорӣ,  муҳаррири  масъул  ва  ҳаммуаллифи  асари  мазкур,  мушовири  калони Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  масъалаҳои  сиёсати  берунӣ  Зафар  Саидзода  сазовори  мукофоти олии  парлумонии  Ҷумҳурии  Чеченистон – ифтихорнома  «Барои  саҳми  калон  дар  рушди  муносибатҳои дӯстонаи  Чеченистон  ва  Тоҷикистон»  гардиданд.  Асари  зикршуда  моҳи  апрели  соли  равон  дар нашриёти  «Контраст» — и  шаҳри  Душанбе  чоп шуда,  ба  фаъолияти  сиёсии Президенти  нахустини  Ҷумҳурии  Чеченистон, Қаҳрамони  Русия  Ҳоҷӣ  Аҳмад Қодиров бахшида шудааст.  Муаллиф  дар  асар  симои  арбоби  барҷастаи  сиёсӣ  ва  шахсияти  муқаррарию  дар  баробари  ин такрорнашавандаро  ба  вуҷуд  овардааст. Асари  мазкур  дар  ватани  А.Қодиров  шӯҳрати  калон  пайдо  намудааст.

Апрель 27, 2010 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд