АМАЛИЁТҲОИ НАВИ ТАБОБАТӢ ДАР ҶУМҲУРӢ
Душанбе, 15 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Дар давраи ҳисоботӣ дар муассисаҳои Вазорати тандурустӣ як қатор амалҳои нави табобат ҷорӣ карда шуд, дар ин бора дар нишасти матбуотии Вазорати мазкур иттилоъ доданд. Тавре намояндагони Вазорат қайд намуданд, бори аввал дар кишвар ба 11 нафар беморони дилу рагҳо амалиёти ҷарроҳӣ тавассути ҳуҷайраҳои бунёдӣ гузаронида шуд. Ҳамзамон, аввалин маротиба дар ҷумҳурӣ усулҳои нави ташхисӣ ба монанди ташхиси радиолоҷӣ бо истифодаи изотоп (синтиграфия) ва типкунонии иммунолоҷӣ, ба роҳ монда шуд, ҳол он, ки қаблан чунин беморон ба хориҷи кишвар равон карда мешуданд. Инчунин, дар доираи татбиқи стратегия ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона бо дастгирии Агентии байналмилалии Ҷопон ба маблағи 145081, 98 доллари ИМА маводҳои доруворӣ ба ҷумҳурӣ ворид гардида, ба муассисаҳои тиббӣ тақсим гардиданд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






