АМАЛИЁТҲОИ НАВИ ТАБОБАТӢ ДАР ҶУМҲУРӢ

Апрель 15, 2010 13:23

Душанбе,  15 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-   Дар давраи ҳисоботӣ дар муассисаҳои Вазорати тандурустӣ як қатор амалҳои нави табобат ҷорӣ карда шуд, дар ин бора  дар нишасти матбуотии Вазорати мазкур иттилоъ доданд.   Тавре намояндагони Вазорат қайд намуданд, бори аввал дар кишвар ба 11 нафар беморони дилу рагҳо амалиёти ҷарроҳӣ тавассути ҳуҷайраҳои бунёдӣ гузаронида шуд. Ҳамзамон, аввалин маротиба дар ҷумҳурӣ усулҳои нави ташхисӣ ба монанди ташхиси радиолоҷӣ бо истифодаи изотоп (синтиграфия) ва типкунонии иммунолоҷӣ, ба роҳ монда шуд, ҳол он, ки қаблан чунин беморон ба хориҷи кишвар равон карда мешуданд. Инчунин, дар доираи татбиқи стратегия ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона бо дастгирии Агентии  байналмилалии Ҷопон ба маблағи 145081, 98 доллари ИМА  маводҳои доруворӣ ба ҷумҳурӣ ворид гардида, ба муассисаҳои тиббӣ тақсим гардиданд.

Апрель 15, 2010 13:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд