АМАЛИЁТИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР БАҒДОД
Душанбе, 5 апрел. (АМИТ «Ховар»). — 4 апрел дар Бағдод паи ҳам се таркиши шадид ба амал омад. Дар натиҷаи онҳо 42 нафар ҳалок ва 200 нафар маҷрӯҳ шуд. Амалиёти террористӣ асосан ба муқобили сафоратхонаҳои Олмон, Миср ва Эрон анҷом дода шуданд. Дафъаи аввал як мошини муҷаҳҳаз бо маводи тарканда дар қисмати марказии шаҳри Бағдод дар наздикии сафоратхонаи Олмон тарконда шуд. Мошини сабукрави дуюм баъди чанд дақиқа дар наздикии сафоратхонаи Миср таркид. Таркиши сеюм бевосита дар наздикии сафоратхонаи Эрон рух дод. Котиби матбуоти ҳайати қумондонии маркази шаҳри Бағдод, генерал – майор Қосими Мӯсавӣ ба хабарнигорон гуфт, ки ҳар се таркиш амали террористӣ буда, ба муқобили намояндагиҳои дипломатии хориҷӣ равона шуда буданд. Дар натиҷаи таркиш бинои сафоратхонаҳои Испания, Олмон, Миср ва Украина қисман зарар диданд. Мақомоти Ироқ авҷ гирифтани амалиёти террористиро дар давоми рӯзҳои охир ба ташкили ҳукумати нави мамлакат баъди интихоботи 7 март баргузоргардидаи парлумон вобаста менамоянд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






