АМАЛИЁТИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР БАҒДОД

Апрель 5, 2010 09:42

Душанбе,  5 апрел. (АМИТ «Ховар»). —  4 апрел дар  Бағдод  паи  ҳам  се таркиши  шадид  ба  амал  омад. Дар натиҷаи онҳо  42  нафар  ҳалок ва  200 нафар   маҷрӯҳ  шуд.  Амалиёти террористӣ  асосан  ба  муқобили   сафоратхонаҳои   Олмон,  Миср ва  Эрон  анҷом  дода шуданд. Дафъаи  аввал  як  мошини  муҷаҳҳаз  бо  маводи тарканда  дар  қисмати  марказии  шаҳри  Бағдод дар  наздикии  сафоратхонаи  Олмон тарконда  шуд. Мошини  сабукрави  дуюм  баъди  чанд  дақиқа  дар  наздикии  сафоратхонаи  Миср  таркид. Таркиши  сеюм  бевосита дар наздикии  сафоратхонаи  Эрон  рух  дод. Котиби  матбуоти  ҳайати  қумондонии   маркази  шаҳри  Бағдод,  генерал – майор  Қосими  Мӯсавӣ  ба  хабарнигорон  гуфт, ки ҳар  се  таркиш   амали  террористӣ  буда,  ба  муқобили  намояндагиҳои  дипломатии  хориҷӣ  равона  шуда буданд.  Дар натиҷаи таркиш бинои  сафоратхонаҳои  Испания, Олмон, Миср ва  Украина  қисман  зарар  диданд. Мақомоти  Ироқ  авҷ  гирифтани  амалиёти террористиро  дар  давоми  рӯзҳои  охир  ба ташкили ҳукумати нави  мамлакат  баъди  интихоботи  7  март  баргузоргардидаи  парлумон  вобаста  менамоянд.

Апрель 5, 2010 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид