АНҶОМИ САФАРИ РАСМИИ ЗАРИФӢ БА ХИТОЙ
Душанбе, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Дирӯз, 29 апрел Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ҳангоми бозгашт аз Пекин дар шаҳри Урумчӣ бо Раиси Ноҳияи мухтори Синзяну Уйғури Ҷумҳурии Халқии Хитой Нур Бекрӣ мулоқот анҷом дод. Дар рафти сўҳбат сатҳи ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба масъалаи табодули мол миёни Тоҷикистону Ноҳияи мухтори Синзяну Уйғури ин кишвар, ки ҳамсояи Тоҷикистон аст, аҳамияти хоса зоҳир гардид. Ҷонибҳо иброз доштанд, ки ҳаҷми асосии муомилоти мол миёни Тоҷикистону Хитой ба ин ноҳия рост меояд ва бо мавриди истифода қарор гирифтани гузаргоҳи сарҳадии Кулма додугирифти мол миёни ду давлат ба таври назаррас афзуд. Таъкид гардид, ки дар оянда имкониятҳои гузаштани мол тавассути ин гузаргоҳ васеъ гардида, мўҳлати фаъолияти он дар давоми сол дарозтар хоҳад шуд. Ҳамрохон Зарифӣ ва Нур Бекрӣ дар бобати тавсеа бахшидани ҳамкориҳои техникӣ ва фарҳангӣ низ мубодилаи афкор намуданд. Бегоҳии ҳамон рўз Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо анҷом ёфтани сафари расмиаш ба Ҷумҳурии Халқии Хитой, ки хеле самаранок сурат гирифт, ба Душанбе баргашт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷӣ хабар доданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






