АНҶУМАНИ НАХУСТИНИ ОМӮЗГОРОНИ МАМЛАКАТҲОИ ИДМ

Апрель 26, 2010 10:18

Душанбе,  26 апрел. (АМИТ «Ховар», Людмила  Дубинина). —  26 – 27 апрел  дар  шаҳри  Остона  бо  дастгирии  Бунёди  байнидавлатии ҳамкории  гуманитарии  ИДМ  анҷумани нахустини  омӯзгорон  ва  кормандони  маорифи   давлатҳои  ИДМ  баргузор  мегардад.  Дар он  зиёда  аз  500  намояндаи  вазоратҳои  маориф,  муассисаҳои  илмӣ,  коршиносон, ходимони  ҷамъиятӣ   ва  омӯзгорони  ҳамаи   мамлакатҳои  ИДМ  иштирок  хоҳанд  кард. Ҳайати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  анҷуман  таҳти роҳбарии вазири  маорифи  мамлакат Абдуҷаббор  Раҳмонов  ширкат  меварзад. Иштирокчиёни  анҷуман  ба  равнақу  ривоҷи   ҳамкории  доманадор  дар  соҳаи  маориф,  ба  ҳамдигар  наздиктар  сохтани  барномаҳои таълимӣ  ва  муносибатҳои  ягона  дар  соҳа   диққати  асосӣ  медиҳанд.

Апрель 26, 2010 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд