АВҶИ БУНЁДКОРИҲО ДАР ҲИСОР

Апрель 13, 2010 16:32

Ҳисор, 13 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- То ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қисмати бозори марказӣ дар гардишгоҳи ноҳияи Ҳисор  сохта ба истифода дода хоҳад шуд, — иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ  раиси ноҳияи  Ҳисор ,  узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон Баҳриддин Солеҳов. Дар нишасти матбуотӣ  муовинони раис, мудирони шӯъбаҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ҳузур доштанд. Алҳол корҳои ободонию созандагӣ дар ноҳияи Ҳисор суръат ва вусъати тоза меёбад. Аз тарафи муассисаи истифодабарии роҳҳои автомобилгарди ноҳия барои васеъ намудани роҳи кӯчаи А. Юсуфӣ ба маблағи  зиёда аз чорсад ҳазор сомонӣ корҳои таъмирӣ  ба  анҷом расонида шуд. Бо дастгирии соҳибкорон ва корхонаи «Роҳсоз» дар кӯчаи мазкур ба маблағи 25 ҳазор сомонӣ корҳои ободонию кабудизоркунӣ анҷом ёфт. Дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ бошад, аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорон ба масофаи 900 метри кватратӣ роҳҳои пиёдагард  ба маблағи 60 ҳазор сомонӣ анҷом дода шуданд. Дар маҳаллаи ҳаштуми шаҳраки Ҳисор сохтмони 20 хонаи замонавии дуошёна, дар даромадгоҳи шаҳрак аз ҷониби ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тараққиёти Ҳисор» сохтмони бозор ва Терминал оғоз гардид. Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ хабарнигорон аз раиси ноҳияи Ҳисор Баҳриддин Солеҳов ва дигар масъулин  ба саволҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш дарёфт карданд.

Апрель 13, 2010 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад