АЗ БАРНОМАҲОИ ФАРҲАНГӢ БА БАРНОМАҲОИ ИҚТИСОДӢ

Апрель 14, 2010 10:36

Душанбе, 14 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-   Равобити ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Эрон дар сатҳи фарҳангӣ хуб пеш меравад, аммо барномаи аслии мо дар оянда сирф иқтисодӣ хоҳад шуд,- мегӯяд    котиби сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ҷаноби Ҳасан Каррубӣ. Ба анешаи котиби сафоратхонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз масоили муҳим ин ҳамкориҳои минтақавист, ки дар даҳҳаи охири асри гузашта дар ҷаҳон матраҳ шуда буд. Чунин ҳамкориҳо дар Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна хеле муносиб ва мувофиқ аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати захираҳои зеризаминӣ ва энергетикӣ кишвари беназир аст. Манобеи Тоҷикистон метавонад бавуҷудоварандаи ҳамкориҳо дар ин замина бошад. Ба гуфти Ҳасан Каррубӣ, ҳадафҳои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалии Шанхай, ЭКО, Конфронси Исломӣ дар асоси манфиатҳои муштарак метавонанд боз  ҳам беҳтар амалӣ гарданд.  

Апрель 14, 2010 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад