АЗ БУҶАИ ҶТ БАРОИ ЧОПИ ШИНОСНОМАҲОИ БИОМЕТРӢ ҚАРЗ ДОДА МЕШАВАД
Душанбе, 21 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010» дар ҷаласаи Кумита оид ба иқтисоду молияи Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардид. Вакили Маҷлиси намояндагон Сафаралӣ Гулов гуфт, ки зарурати ворид намудани илова ба қонуни мазкур, додани имтиёзҳои андозӣ ҷиҳати ворид намудани таҷҳизот барои ҷамъоварии маълумотҳо, чоп намудани бланкҳо ва шиносномаҳои биометрӣ мебошад. Бояд зикр кард, ки шиносномаҳои биометрӣ аз моҳи феврал инҷониб дар Тоҷикистон ҷорӣ шудааст. Арзиши он барои шаҳрвандони то 16 сола 25 доллар, шиносномаи умумишаҳрвандии биометрии хориҷӣ 75 доллар, хизматӣ 100 доллар ва шиносномаи хориҷии биометрӣ барои дипломатҳо 125 доллар муқаррар шудааст.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






