АЗ БУҶАИ ҶТ БАРОИ ЧОПИ ШИНОСНОМАҲОИ БИОМЕТРӢ ҚАРЗ ДОДА МЕШАВАД

Апрель 21, 2010 17:25

Душанбе, 21 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010» дар ҷаласаи Кумита оид ба иқтисоду молияи Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардид. Вакили Маҷлиси намояндагон Сафаралӣ Гулов гуфт, ки зарурати ворид намудани илова ба қонуни мазкур,  додани имтиёзҳои андозӣ ҷиҳати ворид намудани таҷҳизот барои ҷамъоварии маълумотҳо, чоп намудани бланкҳо ва шиносномаҳои биометрӣ мебошад. Бояд зикр кард, ки шиносномаҳои биометрӣ аз моҳи феврал инҷониб дар Тоҷикистон ҷорӣ шудааст. Арзиши он барои шаҳрвандони то 16 сола  25 доллар, шиносномаи умумишаҳрвандии  биометрии хориҷӣ 75 доллар, хизматӣ 100 доллар  ва шиносномаи хориҷии биометрӣ барои дипломатҳо 125  доллар муқаррар шудааст.

Апрель 21, 2010 17:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд