БА ҚОНУНИ ИХТИРООТИ МАХФӢ ТАҒЙИРОТ ВОРИД КАРДА МЕШАВАД

Апрель 26, 2010 16:18

Душанбе, 26 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010», «Дар бораи  маориф», «Дар бораи ипотека», «Дар бораи ихтирооти махфӣ», «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ», «Дар бораи паррандапарварӣ» дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумони мамлакат, ки 26 аперл таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров доир гардид баррасӣ шуданд. Зимни баррасии масъалаҳои мазкур раисони Кумитаҳои палатаи поёнии парлумони мамлакат Сафаралӣ Раҷабов, Марҳабо Ҷабборова, Маҳмадалӣ Ватанов ва Саиди Ёқубзод зикр карданд, ки ҳадафи таҳияи қонунҳои мазкур рушди минбаъадаи соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат мебошад. Дар ҷаласа ҳамчунин,  масъала дар бораи намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.       

Апрель 26, 2010 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд