БА КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ? ДИЛЕРО ДАРЁБ
Душанбе, 12 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар тӯли беш аз ду моҳи фаъолияташ созмони хайриявии «Хонаи умед» ба сокинони бар асари заминларза зарардидаи ноҳияи Ванҷ 1 тонна пӯшока фиристонида, инчунин ба 500 нафар оилаҳои камбизоат, бепарасторону ятимон ва шахсони бесарпаноҳ либосу пойафзол кӯмак расонд. Корманди созмони мазкур Мурод Ашӯров дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки фаъолияти созмони «Хонаи умед» расонидани кӯмакҳои хайриявӣ ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ буда, он бо ибтикори соҳибкор аз шаҳри Душанбе Изатулло Алимов таъсис дода шудааст. Соҳибкор И. Алимов маблағе, ки мебоист барои адои маросими хаҷ харҷ мекард, бо ташкили чунин созмон ба корҳои хайру эҳсонкорӣ равона сохт. Рисолати «Хонаи умед» расонидани кӯмакҳои хайриявӣ -хӯрока, либос, хизматҳои маишӣ ва тиббӣ ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ аст. Шанбеи ҳар ҳафта дар маркази созмони «Хонаи умед» тақсими сару либос барои мардуми камбизоат ва бесарпаноҳ сурат гирифта, ҳар рӯз ба одамони бесарпаноҳ хӯроки нисфирӯзӣ ташкил карда мешавад. Инчунин, барои дастгирии кори хайр, як гурӯҳи донишҷӯён ба ҷамъоварии либос аз сокинони шаҳр, барои мардуми камбизоат ҷалб гардидаанд. Созмон ният дорад, ки дар оянда дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба шахсони бесарпаноҳ ҷиҳати таъмини сарпаноҳ ва бо ҷои кор таъмин кардани онҳо тадбирҳо андешад. Нуран алон нур мешуд, агар чунин иқдоми хайрхоҳонаи соҳибкор И. Алимовро дигар табақаҳои сарватманду дорои ҷомеа ва соҳибкорон пайгирӣ намуда, бо анҷоми корҳои хайру савоб ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ кӯмакҳои гуногуни иҷтимоӣ мерасониданд. Зеро хайру саховат ва кӯмак расонидан ба фитодагон яке аз фазилатҳои неки инсонӣ бахусус, ҳар як мусулмон аст.