БА КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ? ДИЛЕРО ДАРЁБ

Апрель 12, 2010 14:40

Душанбе, 12  апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар тӯли беш аз ду моҳи фаъолияташ созмони хайриявии «Хонаи умед» ба сокинони бар асари  заминларза зарардидаи ноҳияи Ванҷ 1 тонна пӯшока фиристонида, инчунин ба  500 нафар оилаҳои камбизоат, бепарасторону ятимон ва шахсони бесарпаноҳ либосу пойафзол кӯмак расонд. Корманди созмони мазкур Мурод Ашӯров дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки фаъолияти созмони «Хонаи умед» расонидани кӯмакҳои хайриявӣ ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ буда, он бо ибтикори соҳибкор аз шаҳри Душанбе Изатулло Алимов таъсис дода шудааст. Соҳибкор И. Алимов  маблағе, ки мебоист барои адои маросими хаҷ харҷ  мекард,  бо  ташкили чунин созмон ба корҳои хайру эҳсонкорӣ равона сохт. Рисолати «Хонаи умед» расонидани кӯмакҳои хайриявӣ -хӯрока, либос, хизматҳои маишӣ ва тиббӣ ба табақаҳои  ниёзманди аҳолӣ аст. Шанбеи ҳар ҳафта дар маркази созмони «Хонаи умед» тақсими сару либос барои мардуми камбизоат ва бесарпаноҳ сурат гирифта, ҳар рӯз ба одамони бесарпаноҳ хӯроки нисфирӯзӣ ташкил карда мешавад. Инчунин, барои дастгирии  кори хайр, як гурӯҳи донишҷӯён ба ҷамъоварии либос аз сокинони шаҳр, барои мардуми камбизоат ҷалб гардидаанд. Созмон ният дорад, ки дар оянда дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба шахсони бесарпаноҳ ҷиҳати таъмини сарпаноҳ ва бо ҷои кор таъмин кардани онҳо тадбирҳо андешад. Нуран алон нур мешуд, агар чунин иқдоми хайрхоҳонаи соҳибкор И. Алимовро дигар табақаҳои сарватманду дорои ҷомеа ва соҳибкорон пайгирӣ намуда, бо анҷоми корҳои хайру савоб ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ кӯмакҳои гуногуни иҷтимоӣ мерасониданд. Зеро хайру саховат ва кӯмак расонидан ба фитодагон яке аз фазилатҳои  неки инсонӣ бахусус,   ҳар як мусулмон аст.

Апрель 12, 2010 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

13 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Камтар гап мезанем, бештар менависем: чӣ гуна завқи муштариён тағйир меёбад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад