БА ОИЛАҲОИ КАМБИЗОАТ САҲМИЯ ТӮҲФА НАМУДАНД
Суғд, 7 апрел.(АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).- Сокинони ноҳияи Б.Ғафуров аз аввали ба фурӯш баромадани саҳмияҳои ҶС ШК НБО « Роғун» муташаккилона харидорӣ менамоянд. Ҳамин тавр дар яке аз ҷамоатҳои калонтарини ноҳия-ҷамоати Ёва мардум барои харидории саҳмияҳо ба масҷиди «Бурхи Сармасти Валӣ» омаданд. Тавре, ки раиси ҷамоати Ёва Ҳотам Фаттоев ба мо иттилоъ дод, ҷамоат аз 35 кумитаву маҳалла иборат буда, 39 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад ва то имрӯз ба маблағи 1,5 миллион сомонӣ саҳмия ва сертификатҳои Роғунро харидорӣ намуданд. Дар ин маърака раиси ноҳия Лутфулло Муҳиддинов ширкат варзида аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба 5 оилаи камбизоат саҳмияҳои НБО «Роғун»-ро тақдим намуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






