БА СОЗИШНОМА ТАҒЙИРОТ ВОРИД КАРДА МЕШАВАД

Апрель 23, 2010 10:32

Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-  Тибқи созишномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Сангоб» -и Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба истифода додани нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда — 2», ки мебоист моҳи феврали соли 2012 мавриди истифода қарор меёфт, тағйирот дохил карда мешавад. Бино ба гуфти роҳбари намояндагии ширкати «Сангоб» — и Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби Саид Аскарӣ, ки пудратчии генералии лоиҳаи мазкур маҳсуб меёбад, бо сабаби аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба маҳали сохтмонӣ интиқол наёфтани қатораҳои бо таҷҳизот ва масолеҳи сохтмонӣ, ки моли ширкати мазкур буда,  моҳи сеюм нигоҳ дошта мешаванд, ба ҷадвали истифодадиҳии нерӯгоҳи мазкур бе таъсир намонд. Аз ин рӯ ширкат зарур мешуморад, ки бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дигар кардани  чанд нуқтаи созишнома  тағйирот ворид намояд. Бо вуҷуди ҳамаи мушкилоти дар кори  сохтмон пешомада, агрегати якуми нерӯгоҳ моҳи декабри соли ҷорӣ ба истифода дода мешавад.

Апрель 23, 2010 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад