БА УНВОНИИ М. УБАЙДУЛЛОЕВ БАРҚИЯҲО МЕРАСАНД

Апрель 30, 2010 14:00

Душанбе 30 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ба унвонии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ба муносибати интихоб гардиданаш ба мансаби Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон аз номи  Котиби Генералии Иттиҳоди парлумонии давлатҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ Маҳмуд Эрол Килик ва Раиси Сенати Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи шодбошӣ расид. Дар барқияи шодбошӣ сарварони ташкилотҳои парлумонӣ М. Убайдуллоевро нисбати интихоб гардиданаш ба вазифаи Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон сидқан табрик намуда, ба ӯ дар фаъолияти парлумониаш ва таҳкиму густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва созмонҳои бонуфузи парлумонӣ, парлумонҳои кишварҳои  ҷаҳон комёбӣ таманно намудаанд. Бояд зикр кард, ки 23 апрели соли 2010 дар ҷараёни баргузории иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тариқӣ овоздиҳии пинҳонӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон интихоб гардид. М. Убайдуллоев ҳамчун сиёсатмадори шинохта,  дар Тоҷикистон эътироф гардидааст. Мавсуф 1 феврали соли 1952 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд гардида, хатмкардаи донишкадаи политехникии  шаҳри Харкови Украина дар соли 1974 мебошад. Баъди хатми донишкада дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ фаъолият кардааст. Аз соли 1996 Раиси шаҳри Душанбе мебошад. Аз соли 2000 Раиси    Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Аъзои ҲХДТ буда,  бо орденҳои «Дустӣ», (1998), Исмоили Сомонӣ (1999, 2006) ва дигар ҷоизаҳои давлатӣ ва байналмилалӣ сарфароз гардидааст.

Апрель 30, 2010 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад