БА ВОРИДОТИ «ГМО» РОҲ ДОДА НАМЕШАВАД

Апрель 26, 2010 09:59

Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз рӯи тадқиқоти олимони хориҷӣ аз ҷиҳати генетикӣ дигар кардани  организм  «ГМО» — и чӣ наботот ва чӣ ҳайвонот оқибатҳои нохуш дорад. Аз рӯи таҳқиқи олимон  бемориҳои саратон, ҳассосият, фарбеҳшавӣ бо истифода аз истеъмоли маҳсулоти трансгенӣ алоқаманд аст. Ба гуфти олимаи рус Ирина Ермакова, таъсири лӯбиёи трансгениро дар насли навъи мушҳо омӯхтааст, ки нисфи онҳо дар рӯзҳои аввали таваллудашон фавтиданд.  Дар   организми онҳо    баъди истеъмоли орди лӯбиёи трансгенӣ  тағйирот ва нуқсонҳои зиёде мушоҳида гардидааст. Баъзе бемориҳоро, ки аз лиҳози генетикӣ такмилёфтаанд, табобат имконнопазир аст. Дар давлатҳои Аврупо қонун дар бораи маҳсулоти трансгенӣ амал мекунад. Ба гуфти президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ  Ҳукматулло Аҳмадов, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гӯшти мурғе,ки дар таркибаш моддаи дигаргункунандаи организм «ГМО» мавҷуд буд, пешгирӣ карда шуд.

Апрель 26, 2010 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад