БАРҚИЯИ ҲАМДАРДИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Апрель 26, 2010 11:43

Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  раиси  Кумитаи  миллии  олимпии Ҷумҳурии  Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон  ба  унвони  раиси  Кумитаи  байналмилалии   олимпӣ, ҷаноби  Жак  Роге  барқияи  ҳамдардӣ  фиристод. Дар он  аз  ҷумла  гуфта  мешавад:  «Ҷаноби  мӯҳтарам, раис,  аз  хабари  вафоти раиси  ифтихории  Кумитаи  байналмиллии   олимпӣ Хуан  Антонио  Самаранч   ниҳоят  андӯҳгин  гардидам. Ин  барои  тамоми  ҳаракати  олимпии  байналмилалӣ  ва  ҷаҳон  талафоти  бузург   мебошад.  Хуан  Антонио  Самаранч  ба Кумитаи  байналмилалии  олимпӣ  бештар  аз  20  сол  роҳбарӣ  карда,  на танҳо барои  ташвиқу тарғиб ва  оммавӣ гардонидани  варзиш   ва   ҳаракати олимпӣ  дар  саросари  ҷаҳон  корҳои  зиёдеро ба  сомон  расонд, балки  дар  таҳкими  сулҳ,   ташвиқу тарғиби   сабру  таҳаммул  ва  ғояҳои   инсондӯстӣ   саҳми  калон  гузошт.  Ҳамаи одамони  хайрхоҳи  ҷаҳон  хотираи   ин  шахси  бузург  ва  арбоби  барҷастаи  ҷамъиятиро  фаромӯш  нахоҳанд  кард, ки дар тамоми  гӯшаю  канорҳои  ҷаҳон  соҳиби  обрӯю  эътибори  баланд  гардидааст. Аз  Шумо,  ҷаноби  раис,  хоҳишмандам,  ҳамдардии  самимонаи  ҳамаи  олимпичиёни  Тоҷикистонро ба  аҳли оила  ва  хешу  таборони  Х.А.Самаранч бирасонед». 

Апрель 26, 2010 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд