БАРОИ ПЕШГИРИИ ПАҲН ГАРДИДАНИ БЕМОРӢ
Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмаки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Муассисаи наҷоти атфоли СММ дар мамлакат маъракаи доругузарониро ба организми бачагони то панҷсола баргузор месозад. Барои гузаронидани маъракаи мазкур ба мамлакат қариб 4 миллион воя дору ворид карда шуд. Ҳадафи гузаронидани маъракаи мазкур пешгирии бемории варами ҳароммағз мебошад. Дар давоми маърака қариб ба 1,1 миллион нафар бачагон барои табобати ин беморӣ дору дода мешавад. Роҳбари намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Сантино Северони зикр кард, ки вақтҳои охир хусусан дар қисмати ҷануби ғарбии Тоҷикистон ҳодисаҳои ба ин беморӣ гирифтор шудани одамон ва хусусан бачагон ба қайд гирифта шудааст. Муассисаи наҷоти атфоли СММ ғайр аз ворид сохтани дору дар байни аҳолӣ барои пешгирии паҳн гардидани беморӣ корҳои ташвиқотӣ анҷом медиҳад. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ барои гузаронидани маърака кӯмаки техникӣ ва молиявӣ мерасонад. Илова бар ин, кормандони созмон вазъи эпидемиологии паҳн гардидани бемориро таҳқиқ намуда, барои барҳам додани он тадбирҳо меандешанд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






