БАРРАСИИ ВАЗЪИ КУНУНИИ БЕМОРИИ СИЛ ДАР ОСИЁИ МИЁНА
Душанбе, 28 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Тайи ду рӯз аст, ки дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна кори худро идома медиҳад. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустии ҶТ иттилоъ доданд, ки ин конфронс бо ташаббуси якҷояи Вазорати тандурустии ҶТ, Бюрои минтақавии Аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва дастгирии молиявии Бонки рушди Олмон буда, дар кори он намояндагони ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва ҳамчунин коршиносони соҳаи бемории сил ва ташхиси лаборатории он аз давлатҳои Чин, Олмон, Ҷопон, Федератсияи Россия ва ИМА, инчунин намояндагони ташкилотҳои байналхалқӣ ва донорҳои дар ҷанбаи мубориза бо бемории сил фаъолияткунанда ва дигарон ширкат доранд. Иштирокчиён оид ба ҳолати имрўзаи мубориза бар зидди бемории сил, баҳо дода ба амалишавии стратегияи ТУТ таҳти унвони «Боз доштани бемории сил», инчунин конфронс муқаррароти асосии Декларатсияҳои Берлин «Ҳама чиз бар зидди бемории сил» (2007), Пекин «Оиди мубориза бо бемории сил, нигоҳубин ва муолиҷаи беморон» (2009) ва нақшаи мубориза бар зидди бемории силро дар 18 давлати бонуфузи минтақаи Аврупоии ТУТ барои солҳои 2007-2015 пайгирӣ намуданд.