БЕКОРОНИ ТО 29 СОЛА БА ҚАЙД ГИРИФТА НАШУДААНД

Апрель 6, 2010 12:13

Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Шумораи бекорони  дар Хадамоти шуғли Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман бақайд гирифташуда дар моҳи феврали соли 2010  44,8 ҳазор нафарро ташкил карда, нисбати моҳи декабри соли 2009 0,7 фоиз зиёд шудааст. Аз ҷумлаи бекорони ба қайд гирифташуда, занон 53,3 фоиз ( 23,9 ҳазор нафар)- ро ташкил доданд. Сатҳи бекорони расман ба қайд гирифташуда 2,1 фоизи аҳолии дар иқтисодиёт фаъолро ташкил кардааст. Дар хадамоти мазкур, дар моҳи феврал бекорони аз 15 то 29 сола ба қайд гирифта нашудаанд. Аз рӯи бекорӣ дар ин давра  ба 1281 нафар кӯмакпулӣ таъин карда шудааст.         

Апрель 6, 2010 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад