БО САРМОЯИ НИСБАТАН КАМТАР ТАЪСИС ДОДАНИ БОНКҲО ДАР ВИЛОЯТУ МИНТАҚАҲО

Апрель 24, 2010 12:25

Душанбе. 24 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – «Дар пешбурди сиёсати пулӣ, нигоҳ доштани сатҳи тавварум ва таъмини устувории қобилияти харидории пули миллӣ масъалаҳои баланд бардоштани масъулияти бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ, зиёд намудани сармояи онҳо, ҷалби инвеститсия ва истифодаи он барои рушди бахши воқеии иқтисодиёт аҳамияти муҳим дорад», — гуфт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.  Инчунин Сарвари давлат ба Бонки миллӣ, бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои қарзии ғарибонкро  вазифадор намуд, ки оид ба ҷалби маблағҳои пулли аз гардиши бонкӣ беруномада то 20 фоиз зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ барои рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва хусусан дастгирии соҳибкории хурду миёна дар ноҳияҳои дурдаст кӯҳистон, ки яке аз манбаҳои ташкили ҷойҳои нави корӣ мебошад, инчунин таҷдиди назар кардан дар масъалаи фоизи қарзҳо чораҳои мушаххас андешанд.  «Роҳи дигари зиёд намудани дастрасии мардум бо захираҳои карзӣ ва хизматрасониҳои бонкӣ таъсиси бонкҳо дар минтақаҳо мебошад. Ба ҳамагон маълум аст, ки 90 фоизи мардум берун аз пойтахт зиндагӣ мекунанд ва барои дигар шаҳру ноҳияҳо, махсусан соҳибкорони ноҳияҳои дурдаст имконияти гирифтани қарзҳои нисбатан калон маҳдуд аст». Зикр дошт Э. Рахмон. Ҳамчунин ба Бонки Миллӣ тавсия дода шуд, ки масъалаи бо сармояи нисбатан камтар таъсис додани бонкҳҳоеро, ки танҳо дар ҳудуди як вилоят ё минтақа фаъолият мекунанд, баррасӣ намояд.

Апрель 24, 2010 12:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад