БО ВУҶУДИ РУШДИ СОҲИБКОРӢ БЕКОРӢ НИЗ ЗИЁД АСТ

Апрель 8, 2010 10:12

Душанбе, 8 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино  ба гуфти сардори шӯъбаи шарикии иҷтимоии рушд ва дастгирии соҳибкории     Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Меҳробшо Амирбеков,   Ҳукумати ҷумҳурӣ дар соли 2010 андозаи пардохти  маблағро барои соҳибкории хурду миёна бештар хоҳад кард. Дар давоми семоҳаи аввали соли ҷорӣ барои   рушди соҳибкории хурду миёна ба 195 нафар зан  435 ҳазору 116 сомонӣ дода шудааст. Боиси ёдоварист, ки соли 2009 бо мақсади рушди соҳибкории хурду миёна Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба   1457 нафар занон  2 млн. 934  ҳазору  449 сомонӣ қарзҳои хурди имтиёзнок дода шудааст.             

Апрель 8, 2010 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш