БОНКҲО БА РУШДИ СОҲИБКОРӢ ХУШБИН НЕСТАНД
Душанбе, 12 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бонкҳо дар доираи оинномаи худ мустақиланд ва дахолати ниҳодҳои давлатӣ дар кори бонкдорӣ хилофи қонун дониста мешавад. Ин аст, ки бо вуҷуди таъкидҳои пайвастаи Сарвари давлат оид ба рушди соҳибкорӣ, онҳо аз ҷониби бонкҳои ватанӣ хуб дастгирӣ намеёбанд. Онҳое, ки мехоҳанд ба кори соҳибкорӣ машғул бошанд, сармояи дуруст надоранд. Дарёфти маблағ аз бонкҳо кори саҳлу осон нест, зеро шарту шароити пешгузоштаи бонкҳои ҷумҳурӣ ба рушди соҳибкорӣ имкон намедиҳад. Якум ин ки бонкҳо барои қарзи яксола аз соҳибкор амволашро ба гарав мегиранд ва дар сурати баргардонида натавонистани қарз соҳибкор аз амволи худ маҳрум мегардад. Дуюм фоизи қарзи бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле баланд аст, ки он ба рушди схибкорӣ монеа мешавад. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки дар ҷумҳуриҳое, ки фоизи қарзи бонкӣ кам аст, соҳибкорӣ рушд кардааст. Чӣ бадӣ дорад, агар таҷрибаи дигар ҷумҳуриҳо дар Тоҷикистон дасгирӣ ёбаду соҳибкорони ватанӣ даҳчанд зиёд гарданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






