БОЗ ЯК СОҲАИ ДАРОМАДНОК

Апрель 8, 2010 10:07

Душанбе, 8 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти сардори Раёсати чорводории Вазорати кишоварзӣ Музаффар Мирзоев, асппарварӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз соҳаҳои сердаромад ба ҳисоб меравад. Бинобар ин  бо пешниҳоди мутахассисон    дар ҷумҳурӣ «Барномаи рушди соҳаи асппарварӣ» қабул гардид. Мақсад аз қабули ин барнома, рушди соҳаи зоти аспҳои тоҷикӣ ва муаррифиии ин зот дар арсаи  байналмилалӣ мебошад. Айни замон  дар ҳудуди ҶТ се заводи асппарварӣ, аз ҷумла, заводи «Асппарвар» — и ноҳияи Рӯдакӣ, «Баракат» — и ноҳияи Ҳисор, «Чорводор» — и ноҳияи Вахш ва се хоҷагии асппарварии «Кангурт» — и ноҳияи Темурмалик, «Данғара» — и ноҳияи Данғара ва хоҷагии ба номи Меликмуродови ноҳияи Шаҳринав фаъолият мекунанд.

Апрель 8, 2010 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд