БОЗ ЯК ТОҶИКИ РЕКОРДСМЕН

Апрель 16, 2010 11:05

Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Рӯзномаҳои Федератсияи Русия ва сайтҳои интернетии он ба як тоҷики «рекордсмен» таваҷҷӯҳ кардаанд. Онҳо дар бораи пиёда аз шаҳри Рязан то  ба Душанбе сафар намудани Алексей Авғонови тоҷик борҳост, ки хабар медиҳанд. Рӯзномаи «Спорт» — и  шаҳри Рязан дар саҳифаи   «Мардҳои наҷиб» номи шаҳрванди Тоҷикистон, ки алҳол истиқоматкунандаи шаҳри Рязан аст навиштааст:   Алексей Авғонов ба рекордҳои Гиннес дохил шуданист.  Ёдовар мешавем, ки Алексей Авғонов 27 – уми  март пиёда роҳи Рязан  — Душанберо пеш гирифт ва умед дорад рӯзи 9 – уми сентябри соли ҷорӣ,  дар рӯзи 19 – солагии Истиқлолияти ҷумҳурӣ   вориди Душанбе гардад. Ба гуфти Алексей Авғонов, ӯ ин рекордро ба муносибати 65 – солагии ғалаба аз болои Германияи фашистӣ ва 19- солагии Истиқлолияти Тоҷикистон бахшиданист. Дирӯз мавсуф ба деҳаи Шатск расид, сафараш ҷониби Душанбе аз тарафи  идораҳои сайру саёҳӣ дасгирӣ ва   назорат карда мешавад.                    

Апрель 16, 2010 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад